Котиби давлатии ИМА Марко Рубио изхор дошт, ки Гарб бояд бекор намудани тахримхоро алайхи Русия хангоми расидан ба созишномаи сулх дар Украина барраси кунад. Дар ин бора у дар натичаи гуфтушунидхои хайатхои ду кишвар дар Арабистони Сауди хабар дод.

“Ин хама натичаи ин низоъ аст (Дар Украина). Дар натичаи ин низоъ тахримхо чори намуда шуданд. Аз ин ру, ман мехохам бигуям, ки барои хотима додан ба хар гуна мунокиша зарур аст, ки хама чонибхо созиш кунанд” гуфт Рубио.
Дар баробари ин, у таъкид намуд, ки дар масъалаи тахримхо на танхо ИМА, балки Иттиходи Аврупо низ иштирок мекунанд. “Иттиходи Аврупо бояд дар як лахза дар сари мизи гуфтушунид нишинад, зеро онхо низ тахримхо доранд” гуфт у.
Русия исрор меварзад, ки махдудиятхои гарби пурра бекор намуда шаванд, зеро онхо гайриконуни хисобида мешаванд. Аз соли 2022 Москва аз руи шумораи тахримхои зидди он пешсафи чахони гардид ва аз Эрон, Сурия ва КНДР пеш гузашт.
Музокирот дар Эр-Риёд аввалин мулокоти бузурги байни тарафхои русия ва амрико аз огози низоъ буд. Хайати украина дар мухокима иштирок нанамуд ва созишномахои эхтимолиро пешаки рад намуд. Комиссари аврупо оид ба иктисод Валдис Домбровскис изхор дошт, ки Иттиходи Аврупо тахримхоро бекор намекунад, хатто агар ИМА чунин карор кабул кунад.
Пештар президенти Русия Владимир Путин шартхои оташбас пешниход намуда буд, ки он аз чумла хуручи нерухои украини аз Донбасс, вилоятхои Запороже ва Херсон, эътирофи ин каламравхо ба русия, рад намудани Украина аз узвият дар НАТО ва бекор намудани тахримхо мебошад. Аммо Рохбари украина Владимир Зеленский ин накшаро рад намуда, онро ултиматум номид.
Аксхо: аз манбаъхои кушода