ВКХ Русия зидди чори намудани низоми раводид бо Кишвархои Осиёи Миёна дар доираи сахттар намудани равишхо ба мухочирони мехнати баромад мекунад, изхор дошт Сардори идораи сиёсати хоричии Русия Сергей Лавров.

Лавров кайд намуд, ки тартибот дар кишвар бояд назорат намуда шавад, аммо ин бояд махз бо рохи пурзур намудани назорат аз болои рафтори мухочирони мехнати анчом дода шавад.
“Хар гуна тахкими равишхои мо ба мухочирони мехнати аз Кишвархои Осиёи Маркази, он ба манфиатхои дарозмуддати мо мусоидат намекунад. Бале, албатта, тартиботро бояд назорат намуд, конуншиканихои зиёде ба кайд гирифта шуданд, аммо мо аз он бармеояд, ки назорати рафтори онхоро сахттар намудан лозим аст, аммо монеахо нагузорем, хатто низоми раводидро чори накунем”, – гуфт Вазири корхои хоричии Русия.
Лавров илова намуд, ки холо макомоти Русия дар сохаи сиёсати мухочират чорахои иловаги меандешанд. Аммо, хамаи онхо ба пурзур намудани назорати мухочирони мехнати нигаронида шудаанд, на монеахо барои онхо.
АКСХО: аз манбаъхои кушода