Шаби хондани шеър ба ифтихори 700-солагии Хофизи Шерози дар осорхонаи Миллии Точикистон баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Шаби хондани шеър ба ифтихори 700-солагии Хофизи Шерози дар осорхонаи Миллии Точикистон баргузор гардид

Дар осорхонаи Миллии Точикистон шоми илмию фарханги бо номи “Хофизи Шерози – устоди бузурги газал” бахшида ба 700 – солагии шоири барчастаи точику-форс баргузор шуд.

Чорабини бо суханронихои расми дар бораи хаёт ва мероси эчодии Хофизи Шерози огоз ёфт. Директори осорхонаи Миллии Точикистон Зафаршо Иброхимзода дар суханронии худ ахамияти шеъри у ва таъсири амики онро ба фарханги точикистону форс таъкид намуд.

Хофизи Шерази яке аз бузургтарин шоирони асри XIV мебошад, ки газалхои у то имруз дар байни намояндагони халкхо ва фархангхои гуногун маъмуланд. Дар осорхонаи Миллии Точикистон нусхахои арзишманди дастнавис ва нашрияхои нодири литографии “Девон” – и у, ки ёдгорихои мухими мероси таърихи ва фарханги мебошанд, бодиккат нигох дошта мешаванд.

Дар доираи шом намоишхои театралишуда, ки порчахои хаёти Хофизи Шерозиро тасвир мекунанд, аз чумла вохурии у бо Амир Темур пешниход намуда шуданд. Гайр аз ин, иштирокчиёни чавон бо илхом газалхои машхури уро мехонданд, ки ба шом фазои махсуси адаби ва маънави бахшиданд.

Соли 2025 дар Точикистон чашни бузурги 700-солагии Хофизи Шерози ба накша гирифта шудааст. Ба ифтихори ин чорабини дар тамоми шахру нохияхои мамлакат шомхои илмию адаби, конфронсхо ва вохурихои эчоди бо иштироки мухаккикон, олимон ва шоирон ташкил намуда мешаванд.

АКСХО: осорхонаи Миллии Точикистон

error: