Дар “Касри афсарон ” ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии куввахои Мусаллахи Точикистон чамъомад баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Дар "Касри афсарон " ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии куввахои Мусаллахи Точикистон чамъомад баргузор гардид

Дар “Касри афсарон” -и Вазорати мудофиаи Точикистон ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон чамъомади тантанави баргузор гардид.

“Боиси ифтихор аст, ки дар даврони сохибистиклолии Давлат эътибор ва нуфузи артиши Милли дар байни ахоли, бахусус чавонон афзудааст, мардуми мамлакат хизмати шабонарузии афсарону сарбозони куввахои Мусаллахи Точикистонро кадр мекунанд ва аз химоятгарони Ватани худ ифтихор менамоянд, ки ин албатта сазовори тахсин аст. Зеро хизматчиёни харбии мамлакат аз рузхои аввали таъсиси артиши Милли дар тахкими сохти конститутсионии мамлакат, хифзи хамаи дастоварду галабахои истиклолият, нигох доштани сулху субот, таъмини хаёти осоиштаи мардуми Точикистон ва баланд бардоштани кудрати мудофиавии мамлакат сахми арзанда гузоштаанд”, — зикр гардид дар мачлис.

Таъкид гардид, ки чавонон бояд бо даъвати дил дар сафи артиши Милли барои нигох доштани сулху ороми, истиклолият ва озоди хизмат намоянд, зеро куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон дастоварди мухими давраи истиклолияти мамлакат ва омили асосии хифзи давлатдории милли мебошанд.

Барои хизмати содикона ва софдилона ва хифзи арзишхои милливу давлати, инчунин ба ифтихори таъсиси куввахои Мусаллахи Точикистон рохбарият, афсарону сарбозони Вазорати мудофиа бо медали “Часорату шучоат”, сипосномахо ва тухфахои Кумитаи кор бо чавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд.

АКСХО: Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон

error: