Ватикан шоми сешанбе хабар дод, ки Попи 87-солаи Рум Франсиск дар заминаи бронхит астматики пневмонияи дучониба пайдо намудааст.

“Санчишхои лаборатори, рентгени сина ва холати клиникии Падари Мукаддас тасвири мураккабро идома медиханд” гуфт Ватикан дар изхорот. Ба понтифик терапияи антибиотики таъин намуда шудааст.
Ба гуфтаи Сухангуи Ватикан Маттео Бруни, Франсиск бо вучуди бемори рухияи худро нигох медорад. Вай нахори, хондани рузнома ва кор аз утоки беморхонаашро идома медихад.
Франсис рузи чумъа пас аз як хафтаи бронхитхои шадид дар беморхонаи румии Чемелли бистари шуд. Духтурон рузи душанбе дар у сирояти полимикробии роххои нафасро муайян намуданд ва сканхои такрории КТ рузи сешанбе огози пневмонияи дучонибаро нишон доданд.
Ватикан мушаххас намекунад, ки понтифик дар беморхона чи кадар вакт мегузаронад, аммо кайд мекунад, ки табобати у аллакай тагйиротро дар шакли дорувори талаб намудааст ва дар беморхона бистари будани “муносиб” – ро талаб мекунад.
“Вай барои дастгирии дар ин лахза эхсоснамудааш ташаккур мегуяд ва бо дили миннатдор хохиш мекунад, ки барои у дуо гуфтанро идома дихад” илова намуд Бруни.
Аксхо: аз манбаъхои кушода