Белгия шумораи полиси бахриро дар Бандари Антверпен барои мубориза бо кочоки маводи мухаддир меафзояд – ИА Караван Инфо
Белгия шумораи полиси бахриро дар Бандари Антверпен барои мубориза бо кочоки маводи мухаддир меафзояд

Вазири корхои дохилии Белгия Бернар Кентен тасдик намуд, ки шумораи кормандони полиси бахри дар маркази асосии аврупоии кочоки маводи мухаддир беш аз 100 нафар зиёд мешавад. “Айни замон 212 нафар барои амният дар Бандари Антверпен масъуланд, ки ин ракам ба зуди ба 333 мерасад” гуфт вазир.

Антверпенро бандари асосии кокаини Аврупо меноманд. Танхо соли гузашта дар бандар беш аз 7 000 нафар аз санчиш гузаштанд ва аз аввали соли 2024 аллакай 51 гумонбар боздошт шудаанд. Аксари онхо ба истилох “коллекторхо” мебошанд, ки маводи мухаддирро аз контейнерхо гирифта, аз каламрави бандар мебаранд.

Тибки гузориши полиси Белгия, дар соли 2024 кариб 71 миллион евро маводи мухаддир мусодира намуда шуд, ки хачми асосии он ба кокаин рост меояд. Мубориза бо кочоки маводи мухаддир вазифаи аввалиндарачаи хукумати нав тахти рохбарии сарвазир Барт де Вевер мебошад, ки чорахои амниятиро дар партави мавчи хушунати ахир дар Брюссел таквият медихад.

Дар нохияи Андерлехти Пойтахт дар ду хафтаи охир шаш тирпарронии марбут ба тичорати маводи мухаддир рух дод, ки дар натича ду нафар кушта шуданд. Дар робита ба ин, макомот тасмим гирифтанд, ки шумораи патрулхои полисро дар Брюссел ва Антверпен зиёд кунанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: