Мувофики карори Раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали ба ифтихори 32-юмин солгарди рузи куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон фестивали Панчуми дустии афсарону сарбозон ва чавонони даъватшуда бо шиори “Ба давлат ва халк содикона хизмат мекунам!” огоз гардид.

Фестивал дар кисми харбии кушунхои Сархадии Кумитаи амнияти давлатии Чумхурии Точикистон бо намоиши дастовардхои харби ва чангии чузъу томхои куввахои Мусаллахи дар Душанбе чойгиршуда кушода шуд.
Дар доираи чорабини номаи сипоси афсарону сарбозони кисмхои Харбии Шахри Душанбе ба Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, Президенти мамлакат Эмомали Рахмон хонда шуд.

Фестивал чор мархилаи асосиро дар бар мегирад: маросими ифтитохи Тантанави, мусобикахои варзиши оид ба мини-футбол, волейбол, шохмот, муборизаи милли ва варзиши сабук, ️маросими нихоии чоизасупории голибон ва консерти ватандустонаи “Суруди сарбоз”.
Мусобика дар ду мархила баргузор мешавад: даври интихоби дар кисмхои харби ва даври нихои дар сатхи шахр.
Дар доираи фестивал дар Хонаи афсарон конфронси илми-амали дар мавзуи “дастовардхои харби-стратегии даврони истиклолият: холат ва дурнамо” баргузор шуд, ки дар он рохбарият, афсарон, сарбозон ва чавонони даъватшуда иштирок намуданд. Хамчунин вохурихо ва сухбатхо бо афсарон, сарбозон ва курсантхои муассисахои таълимии харби ташкил намуда шуданд.
Фестивали дустии афсарон, сарбозон ва чавонони даъватшуда 25 феврал дар “Кохи Суруш” дар Душанбе ба анчом мерасад, ки дар он маросими тантанавии чоизасупории голибон баргузор мешавад.
Максадхои асосии фестивал: истифодаи самараноки инфрасохтори варзиши; чалби афсарон, сарбозон, инчунин чавонони синни даъват ва пеш аз даъват ба варзиш ва пешбурди тарзи хаёти солим; баланд бардоштани ватандусти ва шуури шахрвандии чавонон; шиносои бо шароити хизмати харби ва мусоидат ба дохилшавии ихтиёри ба артиш; пешгирии чалби наврасону чавонон ба зухуроти гайричамъияти.
Аксхо: шуъбаи Иттилоотии Дастгохи раиси шахри Душанбе