Дар Техрон интиколи нафт аз Эрон ба Точикистон барраси шуд
Густариши хамкорихои дучонибаи Точикистону Эрон дар сохаи нафту газ дар мулокоти Вазири энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон Далер Чумъа бо Вазири нафти Чумхурии Исломии Эрон Мухсин Покначод дар Техрон мавзуи асосии мухокима гардид.

Далер Чумъа ва Мухсин Покначод масъалахои чалби сармоягузори ба бахши нафту газ, инчунин интиколи нафт аз Эрон барои эхтиечоти корхонахои коркарди нафти Точикистонро бо нарххои имтиёзнок барраси намуданд.
Дар чараёни мулокот хамчунин масъалаи табодули тачриба байни мутахассисони ду кишвар, инчунин имконияти тахкики конхои нафту гази Точикистон матрах гардид.
АКСХО: Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон