Иттиходи Аврупо тахримхои зидди Сурияро кисман сабук намуд, аммо махдудиятхои режими Асадро нигох дошт – ИА Караван Инфо
Иттиходи Аврупо тахримхои зидди Сурияро кисман сабук намуд, аммо махдудиятхои режими Асадро нигох дошт

Иттиходи Аврупо тасмим гирифт, ки тахримхоро алайхи бахшхои калидии иктисоди Сурия, аз чумла энергетика, наклиёт ва молия кисман боздорад, то пас аз такрибан 14 соли чанг ба баркарорсозии кишвар мусоидат кунад.

Дар айни замон, Брюссел тахримхои инфиродии худро алайхи намояндагони режими Башор Асад ва созмонхои марбут ба гардиши гайриконунии силох, маводи кимиёви ва маводи мухаддир дар амал нигох дошт.

“Агар хама чиз нодуруст бошад, пас мо низ омодаем, ки тахримхоро баргардонем” гуфт Раиси дипломатияи ИА Кая Каллас.

ИА панч муассисаи молиявии сурияро аз руйхати тахримхо хорич намуд ва амалиётхоро бо Бонки Марказии Сурия ичозат дод. Махдудиятхо дар амалиёти бонки барои максадхои башардустона низ сабук намуда шуданд.

Бо вучуди ин, тибки маълумоти СММ, беш аз 90% суриягихо дар сатхи камбизоати зиндаги мекунанд ва 16,5 миллион нафар аз кумаки башардустона вобастаанд.

Human Rights Watch (HRW) тахримхои гарбиро танкид намуд ва гуфт, ки онхо миллионхо суриягихоро аз дастраси ба хидматхои асоси махрум мекунанд.

“Ба чои истифодаи тахримхои сохави хамчун фишанг, хукуматхои гарби бояд зарари онхоро ба ахолии осоишта эътироф кунанд” гуфт мухаккики калони HRW Хиба Заядин.

Дар пасманзари ин мубохисахо, ИА вазъро пайгири хохад намуд, то арзёби кунад, ки оё кисман бекор намудани махдудиятхо худро асоснок мекунад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: