Президенти ИМА Доналд Трамп таъин шудани Дэн Бонджиноро ба вазифаи муовини директори ФБР эълон намуд. Бонджино, агенти собики Хадамоти Махфи ва барандаи телевизион, дар бюро тачриба надорад, аммо иттифокчии деринаи Трамп аст.

Таъйини Бонджино тасдики Сенатро талаб намекунад, ба фарк аз Раиси ФБР Каша Пател, ки рузи чумъа ба кор шуруъ намуд.
“Хабари оли барои макомоти хифзи хукук ва адлияи Амрико” гуфт Трамп.
Бонджино соли 1995 дар Полиси Ню-Йорк хидматро огоз намуд, сипас дар Хадамоти Махфи кор намуд. Баъдтар у се маротиба аз хизби Чумхурихох ба Конгресс бенатича номзад шуд ва шархдихандаи маъмули сиёси шуд.
Директори ФБР Каш Пател ваъда дод, ки кори бюроро аз нав сохта, ба мубориза бо чинояткори, на ба фаъолияти иктишофи таъкид мекунад.
Бонджино ин курсро дастгири намуд ва гуфт: “Директори нав бо як сабаб омад: барои ба тартиб даровардани ин чо”.
Аксхо: аз манбаъхои кушода