Навъи нав, ки номи “Тобистона” – ро гирифт, дар натичаи корхои бисёрсолаи селексиони ба вучуд омад. Тадкикотхо дар заминаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанихои академияи Миллии илмхои Точикистон гузаронида шуданд.

Тавре, ки доктори илмхои кишоварзи Курбонали Партоев накл мекунад, олимон навъи Махаллии “Сурхаки махали” – ро истифода мебурданд, ки аз замонхои кадим дар минтакахои кухи дар баландии 1500-2000 метр парвариш намуда мешавад.
Ин навъ ба шароити сахти иклим комилан мутобик намуда шудааст, ки барои эчоди шакли нав ва устувортар асос шудааст.
Ба гуфтаи Партоев, гандуми “Тобистона” на танхо бо пухтани зуд, балки бо хосилнокии баланд низ фарк мекунад. “Мо тавонистем дар як соли нашъунамо дар заминхои оберишавандаи Водии Хисор ду хосил ба даст орем – аз хар гектар то 9 тонна галла”, – шарх медихад олим.
Ин ба туфайли хусусиятхои генетикии навъ имконпазир гардид, ки онро ба хушксоли, беморихо ва хашароти зараррасон тобовар мегардонад ва онро барои шароити тагйирёбандаи иклим бехтарин мекунад.
Имруз навъи нави Гандуми “Тобистона” аз сертификатсияи давлати мегузарад. Дар айни замон, захирахои тухми бо шароити лаборатори махдуданд, аммо олимон итминон доранд, ки тухмии ин навъ дар оянда барои дехконони саросари кишвар дастрас хохад шуд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода