Бонки осиёии рушд накшахои худро оид ба дастгирии Минбаъдаи Точикистон дар анчом додани сохтмони Неругохи барки обии Рогун (НБО) тасдик намуд. Дар ин бора директори нави кишвар дар чумхури Ко Сакамото дар мулокот бо рузноманигорон рузи 25 феврал изхор дошт.

“Анчоми сохтмони НБО-и Рогун авлавияти калиди барои хукумати Точикистон аст ва мо ахамияти ин лоихаро на танхо барои истиклолияти энергетикии кишвар, балки барои рушди устувори тамоми минтака низ мефахмем”, – таъкид намуд Сакамото.
НБО Рогун яке аз бузургтарин лоихахои инфрасохтори дар Осиёи Маркази мебошад, ки ба мубориза бо тагйирёбии иклим ва гузариш ба энергетикаи “сабз” мусоидат мекунад. БОР ба консорсиуми ташкилотхои байналмилалии молияви, ки дар маблаггузори ва татбики лоиха иштирок мекунанд, даъват намуда шуд. Хукумати Точикистон аз бонк 500 миллион доллар кумаки молияви хостааст ва айни замон ин дархост дар холи барраси карор дорад.
“БОР дастгирии лоихаро идома медихад ва дар бораи рафти гуфтушунидхо ва созишномахои бадастомада хангоми бастани онхо хабар медихад” илова намуд Сакамото.
БОР чор лоихаи навро барои соли 2025 тахия мекунад, аз чумла ташаббуси идоракунии ракамии кишоварзи, ки ба баланд бардоштани амнияти озукавори равона шудааст.
Аксхо: аз манбаъхои кушода