Дар вилояти Самарканди Узбекистон 4-умин намоишгохи байналмилалии кишоварзии “AGRO PRO EXPO-2025” огоз ёфт, ки дар он сохибкорони точик бо пешниходи махсулот ва хидматхои истехсолкунандагони махалли иштирок мекунанд.

Намоишгох, ки 25 феврал кушода шуд, се руз давом мекунад. Дар он зиёда аз 100 ширкати пешрафта аз Узбекистон, Точикистон, Казокистон, Киргизистон, Русия, Туркия, Эрон ва дигар кишвархо иштирок мекунанд. Ширкатхо халли инноватсиони ва технологияхои пешрафтаи кишоварзиро намоиш медиханд.
Дар чорабини мошинхо ва тачхизоти кишоварзи, системахои муосири автоматикунонии хочагихои дехкони, технологияхои обёри ва системахои обери, кисмхои эхтиёти барои техникаи кишоварзи, тачхизоти бордоркунии хок ва гайра мавчуданд.
Сохибкорони точик дар вохурихои кори ва машваратхо, ки дурнамои хамкори дар сохаи аграриро барраси мекунанд, фаъолона иштирок мекунанд. Намоишгох имкон медихад, ки тачриба мубодила намуда шавад, робитахои тичорати баркарор намуда шаванд ва бо технологияхои нав дар сохаи кишоварзи шинос шаванд.
Аксхо: палатаи Савдо ва саноати Чумхурии Точикистон