Аввалин рохи сабзи Точикистон: рохи “Дангара – Гулистон” ба тагйирёбии иклим мутобик намуда мешавад – ИА Караван Инфо
Аввалин рохи сабзи Точикистон: рохи “Дангара – Гулистон” ба тагйирёбии иклим мутобик намуда мешавад

Трассаи “Дангара-Гулистон” аввалин рохи Автомобилгарди Точикистон хохад буд, ки ба тагйирёбии иклим мутобик намуда шудааст. Тачдиди он дар доираи лоихаи “Коридори Сабз” бо дастгирии молиявии бонки Осиёии рушд (БОР) ва бонки Аврупоии тачдид ва рушд (БАТР) сурат мегирад. Дар ин бора Вазорати наклиёти Чумхурии Точикистон хабар медихад.

Барои кумак ба Точикистон дар бехтар намудани шабакаи миллии роххо тавассути таъсиси аввалин “гузаргохи сабз” – и намоиши (намунави) дар кишвар, Бонки осиёии рушд мохи ноябри соли гузашта гранти 86,67 миллион долларро тасдик намуд. Хукумати Чумхурии Точикистон ба маблаги 23 миллион доллар маблаггузори мекунад ва Бонки Аврупоии тачдид ва рушд ба маблаги 40 миллион доллар карз медихад.

Дарозии китъаи тачдидшаванда 49 км хохад буд. дар доираи лоиха, рох то чор катор васеъ намуда мешавад ва бо унсурхои муосири экологи ва ичтимои мучаххаз намуда мешавад, аз чумла: роххои велосипедрони, рохравхо барои занони дорои кудакон ва маъюбон, равшании бехтар, чорахои амнияти.

Лоиха насби ду истгохи пуркунандаи баркро барои мошинхои барки ва фарохам овардани шароит барои хавасмандгардонии сармоягузории хусуси дар ин бахш дар бар мегирад. Инчунин барномахои таълими барои занони махалли оид ба сохибкори бо пешниходи грантхо барои огози тичорат пешбини шудаанд.

Корхои сохтмони мохи марти соли 2025 огоз ёфта, бояд то соли 2030 ба анчом расонида шаванд. Ба мутобикат ба стандартхои байналмилалии “роххои сабз” бо усули БАТР диккати махсус дода мешавад, ки тавозуни байни рушди иктисоди, фарогирии ичтимои ва хифзи мухити зистро таъмин мекунад.

 Аксхо: Вазорати наклиёти Чумхурии Точикистон

error: