Дар Руминия алайхи сиёсатмадори ултрахукук Кэлин Джорджеску, ки дар интихоботи президентии соли 2024 иштирок намудааст, парвандаи чинояти огоз намуда шудааст. Рузи чоршанбе уро полис хангоми фиристодани хуччатхо барои овоздихии дубора боздошт намуд. Баъдтар прокуратура уро бо шаш нукта айбдор намуд ва уро барои 60 руз тахти назорати суди карор дод.

Дар байни иттихомот алайхи сиёсатмадор даъват ба амал алайхи сохти конститутсиони, пахн намудани маълумоти бардуруг, инчунин иштирок дар таъсиси созмонхои фашисти, нажодпарасти ва зиддисемити. Илова бар ин, додситони изхор медорад, ки Чорческу эъломияхои бардуругро дар бораи маблаггузории маъракаи интихоботии худ пешниход намудааст.
Пас аз боздошти Чорческу, чонибдорони у эълон намуданд, ки ният доранд дар назди бинои Прокуратураи Генерали эътироз кунанд. Дар байни онхо намояндагони Хизби ултрахукуки чавонон, ки аз Паймони муттахидсозии руминиягихо чудо шуданд, карор доранд.
Сарвазири Руминия Марчел Чолаку аз макомоти тафтишоти даъват намуд, ки ба чомеа “далелхои бенихоят кави” пешниход кунанд, то аз иттихоми ангезахои сиёсии парванда канорагири кунанд.
Ба боздошти Чорческу сохибкор Илон Маск вокуниш нишон дода, дар Шабакаи Ичтимоии X гуфт: «Онхо айни хол шахсеро дастгир намуданд, ки дар интихоботи президентии Руминия шумораи зиёди овозхоро ба даст овард. Иштибохи пурра».
Интихоботи такрории президенти дар Руминия 4 май таъин шудааст. Чорческу дар даври аввали овоздихи дар мохи ноябри соли гузашта пируз шуд, аммо натичахои уро суди Конститутсиони бекор намуд. Макомот гуфтанд, ки ин карор пас аз ошкор шудани маълумоти иктишофи дар бораи дахолати Русия ба маъракаи интихоботии сиёсат тавассути шабакахои ичтимои кабул шудааст.
Дар баробари боздошти Чорческу, полис дар панч шахрхои кишвар рейдхо гузаронида, хонахои хамдастони уро кофтукоб намуд. Худи сиёсатмадор ва чонибдорони у амалхои макомотро кушиши пешгири намудани иштироки у дар интихобот меноманд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода