Рузи интихобкунандагони чавон: дар Точикистон чавонон ба интихобот омодаги мебинанд – ИА Караван Инфо
Рузи интихобкунандагони чавон: дар Точикистон чавонон ба интихобот омодаги мебинанд

Санаи 27 феврал дар Точикистон чорабинии чумхуриявии «Рузи интихобкунандагони чавон» баргузор гардид, ки дар доираи он раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон Бахтиёр Худоёрзода бо чавонони фаъол, ки бори аввал дар интихобот ширкат доранд, мулокот намуд.

 “Рузи интихобкунандагони чавон” тибки накшаи чорабинихои муштараки Комиссияи марказии интихобот ва Иттифоки чавонони Точикистон ташкил намуда шуд. Хадафи асосии чорабини баланд бардоштани шуури хукуки ва сиёсии интихобкунандагони чавон, тахкими фарханги интихоботи ва масъулияти шахрвандии онхо буд. Хадафи чорабини инчунин ба чавонон дар фахмидани ахамияти интихобот хамчун унсури асосии чомеаи демократи мебошад.

Бахтиёр Худоёрзода хозиринро аз рафти омодагихо ба интихоботи карибулвукуъи вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, мачлисхои махаллии вакилони халк ва чамоатхо маълумот дод. Вай таъкид намуд, ки комиссияхои интихоботи тамоми кушишхоро ба харч медиханд, то шахрвандон озодона ва одилона аз хукукхои интихоботи истифода баранд.

Раиси комиссия инчунин кайд намуд, ки пас барои таъмини шаффофият ва ошкорбаёнии раванди интихобот тамоми чорабинихои вобаста ба интихобот дар ВАО фаъолона инъикос намуда мешаванд.

Бахтиёр Худоёрзода ба чавонон барои иштироки фаъолонаашон дар ташкили маъракаи интихоботи ва дигар чорабинихои иттилоотии марбут ба интихобот изхори сипос намуд. Вай таъкид намуд, ки ширкати чавонон дар раванди интихобот як кадами мухим дар рохи тахкими демократия дар кишвар аст.

«Рузи интихобкунандагони чавон» дар тамоми республика гузаронида шуда, даххо хазор нафар чавононро муттахид намуд. Ин аз таваччухи баланди чавонон ба хаёти сиёсии кишвар ва омодагии онхо барои иштироки фаъолона дар раванди интихобот шаходат медихад.

Сурат: аз манбаъхои кушода

error: