Тахти раёсати Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон чаласаи навбатии Хукумати Чумхурии Точикистон баргузор гардид. Дар рузнома масъалахои марбут ба рушди маориф, саноат, экология ва сохаи ичтимои барраси шуданд.
Стратегияи миллии арзёбии сифати таълим
Вазири маориф ва илми Точикистон Рахим Саидзода дар бораи стратегияи миллии арзёбии сифати таълим дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2044 гузориш пешниход намуд. Стратегия ба такмили раванди таълим, таъмини сифати баланди таълим ва фарохам овардани шароит барои иштирок дар арзёбии байналмилалии дастовардхои таълими равона шудааст.

Таъсиси парки саноати бо Русия
Дар чаласа лоихаи созишномаи байни Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси парки саноати дар Каламрави Точикистон барраси ва тасдик намуда шуд. Ин лоиха ба рушди иктидори саноатии кишвар, чалби сармоягузори ва таъсиси чойхои нави кори равона шудааст.
Барномаи баркарорсозии партовхои уран
Ба масъалахои экологи диккати махсус дода шуд. Иштирокчиёни чаласа Барномаи солимгардонии чойхои дафни партовхои коркарди маъдани уранро барои солхои 2025-2030 барраси намуданд. Максади барнома ошкор ва безарар намудани иншоотхои осебдида, инчунин баркарорсозии пурраи китъахои аз истехсоли уран зарардида мебошад.
Барномаи таълими касбии махкумшудагон
Инчунин Барномаи тайёрии касби ва ба кор даровардани махкумшудагон ва шахсони аз чазо озодшуда барои солхои 2025-2030 барраси намуда шуд. Барнома ба фарохам овардани шароит барои омузиш ва шугли ин категорияи шахрвандон нигаронида шудааст, ки ба мутобикшавии ичтимоии онхо ва паст намудани сатхи чинояткории такрори мусоидат мекунад.
Рушди саноат ва энергетика
Сарвари давлат оид ба рушди сохахои асосии иктисодиёт, аз чумла саноати кухи ва бофандаги супоришхои мушаххас дод. Ба афзоиши хачми коркарди маъданхои фоиданок ва махсулоти кишоварзи диккати махсус дода шуд. Президент инчунин ахамияти рушди “энергетикаи сабз” – ро барои таъмини истиклолияти энергетикии кишвар таъкид намуд.
Омодаги ба руйдодхои мухим
Дар анчоми чаласа Эмомали Рахмон оид ба омодаги ба руйдодхои мухим, аз чумла чашни Байналмилалии Навруз ва 35-солагии истиклолияти Давлатии Точикистон дастур дод. Сарвари давлат аз масъулин даъват намуд, ки ташкили муносиби чорабинихо ва ичрои хамаи вазифахои гузошташударо таъмин намоянд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон