Музокироти сатхи Оли байни Точикистон ва Русия – ИА Караван Инфо
Музокироти сатхи Оли байни Точикистон ва Русия

Мухокимаи масъалахои хамкории Точикистону Русия дар мулокот дар шакли тет-а-тет сарони давлатхо Эмомали Рахмон ва Владимир Путин огоз гардида, дар мулокоти васеъ бо иштироки хайатхои расмии ду кишвар идома ёфт.

Масъалахои асосии муносибатхои ду кишвар, инчунин масъалахои мубрами минтакави ва байналмилали муфассал мухокима намуда шуданд.

Эмомали Рахмон аз динамикаи мусбати муколамаи сиёси дар хама сатххо изхори каноатманди намуд. Таъкид гардид, ки хамкорихои тичоративу иктисоди дар солхои охир босуръат рушд намуда истодаанд.

Аз чумла, чонибхо масъалахои густариши хамкориро дар бахшхои мутакобилан судманди иктисодиёт, аз кабили саноат, энергетика ва кишоварзи барраси намуданд.

Ба масъалахои рушди робитахои гуманитари, аз чумла хамкори дар сохахои фарханг ва маориф диккати махсус дода шуд.

Зикр гардид, ки дар шахру нохияхои гуногуни Точикистон 71 муассисаи таълими бо забони руси, аз чумла муассисахое, ки соли 2022 аз чониби сарони давлатхо кушода шудаанд, инчунин 190 мактаби формати омехта фаъолият доранд. Дар робита ба ин, таъкид намуда шуд, ки хамкории минбаъда оид ба таъмини мактабхо бо китобхо, дастурхои таълими ва адабиет бо забони руси мухим боки мемонад.

Зикр гардид, ки дар Точикистон се филиали муассисахои бонуфузи тахсилоти Олии Русия фаъолият дошта, зиёда аз 28 хазор шахрванди Точикистон дар донишгоху донишкадахои Русия тахсил мекунанд.

Чонибхо ба мувофика расиданд, ки мохи июни соли равон дар Федератсияи Русия Рузхои фарханги Точикистон баргузор мешаванд.

Таъкид гардид, ки харду давлат барои бехтар намудани хамкорихои байниминтакави, аз чумла гузаронидани як катор чорабинихои бисёркабата дар ин самт талош хоханд намуд.

Харду чониб ба хамкории байнипарлумони бахои баланд дода, ба идомаи самараноки он дар оянда изхори манфиатдори намуданд.

Мавзуъхои дигари гуфтушунидхо тахкими хамкори дар сохаи амният, фаъолсозии кори хамохангшудаи хадамоти махсус ва макомоти хифзи хукук дар мубориза бо мушкилот ва тахдидхои амнияти буданд.

Масъалахои хамкории судманд дар доираи созмонхои минтакави ва байналмилали низ дар маркази таваччухи сарони ду давлат карор доштанд.

Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: