Санаи 17 марти соли 2025 дар доираи сафари расмии Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ба Федератсияи Россия як руйдоди мухим баргузор гардид, ки тахкими муносибатхои дучонибаи ду кишварро таъкид мекунад. Дар чараёни мулокот дар Кремл сарони давлатхо ба сохтмони ду иншооти мухим дар Душанбе — маркази Байналмилалии таълими барои кудакони болаёкат ва театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский огоз бахшиданд.

Маркази байналмилалии таълими, ки барои 500 нафар хонанда пешбини шудааст, барои кудакони болаёкат аз руи стандартхои хам Точикистон ва хам Русия майдончаи омузиши хохад буд. Муассисае, ки ба маркази таълимии Русии “Сириус” монанд аст, бо инфрасохтори муосир мучаххаз намуда мешавад ва метавонад тамоми сол то 300 хонандаро кабул кунад. Маблаггузории лоихаро дар хачми 4 миллиард рубл чониби Русия таъмин мекунад.
Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский, ки барои 500 тамошобин пешбини шудааст, дар Пойтахти Точикистон иншооти мухими фарханги хохад шуд. Русия ухдадорихои сохтмон, таъминоти модди-техники ва истифодаи минбаъдаи театрро ба ухда гирифт. Аввалин корхо дар китъаи чудошудаи 1 гектар хануз мохи январи соли 2025 огоз ёфта, ба итмом расонидани сохтмон мохи декабри соли 2026 ба накша гирифта шудааст.
Маросими огози сохтмон дар шакли видеоконфронс баргузор шуд. Президентхо Рахмон ва Путин раванди гузоштани сангро дар тахкурсии иншоот дар экрани калон дар Касри Кремл назорат менамуданд.
Сохтмони ин иншоот як кадами дигар дар рушди шарикии стратеги ва иттифокчигии Точикистону Русия буд. Дар чараёни сафар инчунин дурнамои хамкории тичоратию иктисоди ва гуманитари, инчунин масъалахои мубрами минтакави мухокима намуда шуданд. Дар натичаи гуфтушунидхо чонибхо як катор хуччатхои дучонибаро имзо намуданд, ки ба тахкими минбаъдаи муносибатхо равона намуда шудаанд.
Ин лоихахо на танхо робитахои фарханги ва таълимии байни кишвархоро таквият мебахшанд, балки барои чавонони Точикистон имкониятхои нав фарохам оварда, ба рушди сармояи инсони ва хифзи мероси умумии фарханги мусоидат менамоянд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон