Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Кабри Сарбози Номаълум дар Москва гулчанбар гузошт – ИА Караван Инфо
Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Кабри Сарбози Номаълум дар Москва гулчанбар гузошт

Санаи 17 март сафари расмии Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат Мухтарам Эмомали Рахмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар ба Кабри Сарбози Номаълум огоз ёфт.

Ба муносибати маросими гузоштани гулчанбар дар боги Александровский посбони фахри ва оркестр сохта шуд.

Коменданти харбии Москва ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи бунёд ва омодагии Гвардияи Фахри барои баргузории маросими гиромидошти хотираи кахрамонони кушташуда хабар дод.

Сарвари Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон зери садои мусикии маросими дар назди оташи Абади гулчанбар гузоштанд ва бо як дакика хомуши хотираи кахрамонони Федератсияи Русияро гироми доштанд. Сипас, чанги курантхо садо дод ва суруди давлатии Чумхурии Точикистон ичро шуд.

Пас аз анчоми маросими гузоштани гулчанбархо, дар назди Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ва иштирокчиёни маросим посбонии фахри бо марши тантанави баргузор шуд.

Дар маросим Сарвари Точикистонро намояндагони баландпояи Хукумати Федератсияи Россия хамрохи менамуданд.

Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: