Санаи 31 март директори Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон Хабибулло Назарзода бо муовини якуми директори Генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Чумхурии Мардумии Чин Ма Бинг ва директори генералии Ширкати хавопаймоии “China Southern Airlines ” Ван Чжен мулокот намуд.

Дар чараёни мулокот масъалахои кушодани парвозхои мустаким аз тарики хатсайрхои Душанбе – Пекин – Душанбе ва Душанбе – Гуанчжоу – Душанбе, инчунин хатти нави аэронавигасионии L181 (AGVUT) барраси шуданд.
Хамчунин, бо максади рушди сохаи авиатсияи граждании кишвар хамкории байни ширкатхои хавопаймоии Чумхурии Точикистон ва корхонаи Чин оид ба истехсоли хавопаймохои ватани (СОМАС) барраси гардид.
Ма Бинг кайд намуд, ки Маъмурияти авиатсияи граждании Чумхурии Мардумии Чин омода аст мутахассисони ботачрибаро дар тамоми самтхои сохави омузонад ва хамкориро бо макомоти авиатсияи граждании Чумхурии Точикистон густариш дихад.
Мулокот дар рушди сохаи авиатсияи граждани ва ба манфиати шахрвандони Точикистону Чин накши мухим мебозад.
АКСХО: Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон