Рушди хамкорихои дучониба дар сохаи сармоягузори ва идоракунии дороихои давлати байни Точикистон ва Аморати Муттахидаи Араб (АМА) дар мулокоти Раиси кумитаи Давлатии сармоягузори ва идоракунии дороихои давлатии Чумхурии Точикистон Султон Рахимзода Бо директори генералии гурухи сармоягузории Абу-Даби (ADIG) Заид бин Рашид Бин Авейда Ал Кубайси Дар Абу-Даби барраси гардид.

Мулокот дар доираи конгресси байналмилалии AIM (Annual Investment Meeting) баргузор шуд ва ба тахкими робитахои иктисодии байни ду кишвар равона намуда шуд. Чониби АМА ба рушди бахшхои афзалиятноки иктисоди Точикистон, аз кабили истехсоли “энергияи сабз” ва рушди инфрасохтори сайехи таваччухи хоса зохир намуд.
Харду чониб омодагии худро барои омухтани имкониятхои нави хамкори ва тахкими шарикии дарозмуддат таъкид намуданд. Инчунин ахамияти мубодилаи тачриба ва чалби сармояи мустакими хоричи барои рушди устувори иктисоди милли кайд намуда шуд.
Густариши хамкорихои иктисодии Точикистону АМА метавонад барои татбики лоихахои стратеги ва афзоиши сармоягузории хоричи дар кишвар замина гузорад.
Аксхо: кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон