Намояндагони 19 кишвар дар пойтахти Точикистон мушкилот ва дурнамои рушди алокаро барраси намуданд.
Дар китобхонаи Миллии Точикистон 7-уми апрел форуми байналмилалии “трансформатсияи Раками: дурнамо ва роххои халли” огоз ёфт, ки дар доираи чаласаи 27-уми Комиссияи иттиходи Минтакави дар сохаи алока оид ба масъалахои танзими спектри радиочашм ва орбитахои мохвораи ташкил намуда шуд.

Чорабини бори аввал дар Душанбе баргузор шуда, иштирокчиёнро аз 19 кишвари чахон, аз чумла Русия, Казокистон, Узбекистон, Туркманистон, Афгонистон, инчунин намояндагони иттиходи Байналмилалии алокаи барки (ITU) чамъ овард.
Сардори Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон Исфандиёри Саъдулло дар суханронии худ таъкид намуд, ки яке аз афзалиятхои асосии сиёсати давлати дар сохаи алока таъмини хизматрасонии баландсуръат ва босифати телекоммуникатсиони дар тамоми каламрави мамлакат мебошад.
Исфандиёри Саъдулло изхор дошт: “мо на танхо ба стандартхои байналмилали чавобгу хастем, балки Точикистонро ба як кишвари транзити дар бозори чахонии телекоммуникатсиони табдил медихем”.
Вай инчунин кайд намуд, ки бахши хусуси кувваи пешбарандаи бозори телекоммуникатсионии кишвар аст: аз 30 оператор ва провайдерхои амалкунанда 29 нафар ба сегменти хусуси тааллук доранд.
Директори Генералии иттиходи Минтакави дар сохаи алока Алексей Бородин низ ба талошхои чониби Точикистон бахои худро дод. Вай ба рохбарияти кишвар барои ташкили вохури ташаккур гуфт ва изхори бовари намуд, ки форум дар рушди робитахои байни кишвархои иштирокчи сахми назаррас хохад гузошт.
Бородин кайд намуд: “дар рузнома омодаги ба конфронси умумичахонии алокаи радиои дар соли 2027, мухокимаи накшахо ба 160 — солагии иттиходи байналмилалии алока, инчунин мувофика намудани мавкеъхо дар сохаи танзими басомади радио ва орбитахои мохвораи”.
Намояндаи ширкати Huawei Technologies Сo. Ltd Александр Гуляев низ дар мухокима сахми чолиб гузошт ва таъкид намуд, ки тагйирёбии раками аз давлатхо талаб мекунад, ки дар таъмини дастраси ва сифати алокаи мобили кадамхои катъи гузоранд.
Дар форум ба масъалаи чори намудани шабакаи насли панчум — 5G диккати махсус дода шуд. Гуфта мешавад, Точикистон ба наздики ният дорад ба шахрвандони худ дастраси ба насли нави Интернети мобилиро фарохам оварад. Ин имкон медихад, ки алока хатто дар минтакахои кухии душвортарини кишвар бехтар намуда шавад.
Мавзуъхои асосии форум:
1. Навсозии инфрасохтори телекоммуникатсиони;
2. Тамдиди шабакаи 4G ва омодаги ба 5g;
3. Иштирок дар системаи байналмилалии шабакахои кабелии зериоби;
4. Рушди маркази алокаи мохвораи ва маълумот;
5. Таъмини дастрасии баробар ба хизматрасонихои алока барои хамаи гуруххои ахоли.
Дар чараёни форум инчунин мухокимаи даъватхо ва карорхо оид ба истифодаи спектри радиочашм ва орбитахои мохвораи дар доираи хамкории минтакави ва субрегионали баргузор гардид. Иштирокчиён ахамияти чунин чорабинихоро барои тахкими хамдигарфахми ва сиёсати ракамии мувофикашуда дар фазои Авруосиё кайд намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чаласаи 27-уми Комиссияи иттиходи Минтакави дар сохаи алока оид ба танзими спектри радиобасомад ва мадори мохвораи, ки бо ташаббуси Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар якчояги бо созмони Байналмилалии алокаи барки ва иттиходи Минтакави дар сохаи алока ташкил шудааст, аз 7 то 11 апрели соли чори дар Душанбе идома хохад ёфт.
АКСХО: аз манбаъхои кушода