Душанбе, 1 май, АИ Караван Инфо. 30 апрел тахти раёсати Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон чаласаи навбатии Хукумати Чумхурии Точикистон баргузор гардид. Масъалахои асосии рушди иктисоди, аз чумла индустриализатсия ва сиёсати фискали дар рузнома буданд.

Яке аз нуктахои марказии чаласа мухокимаи лоихаи созишномаи сармоягузори байни Хукумати Чумхурии Точикистон ва Консорсиуми сармоягузорон буд, ки ба он чамъияти дорои масъулияти махдуди “Маркази рушди саноат” дохил мешавад. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати Султон Рахимзода лоихаеро бо номи “Таъсиси кластери бофандагии гуруххои ширкатхо дар Чумхурии Точикистон” пешниход намуд.
Тавре, ки сухангу таъкид намуд, хадафи асосии лоиха татбики вазифаи стратеги оид ба саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Лоиха чалби сармоягузории мустаким, таъсиси кластерхои агросаноати ва ташкили даври пурраи коркарди пахтаро аз ашёи хом то махсулоти тайёр дар дохили кишвар пешбини мекунад.
Ин икдом на танхо заминаи истехсолиро таквият мебахшад, балки ба рушди саноати сабук ва бахши кишоварзи таъсири назаррас мерасонад, чойхои нави кори фарохам меорад ва шугли ахолиро афзоиш медихад. Тибки арзёбихои пешаки, татбики лоиха имкон медихад, ки беш аз 5500 шахрванд бо кор таъмин намуда шаванд.
Лоихаи созишномаи сармоягузори тасдик намуда шуд. Президент Эмомали Рахмон ба сохторхои масъул супориш дод, ки хуччатро дар асоси шартхои мувофикашуда имзо намуда, барои тасдики нихои ба мачлиси намояндагони Мачлиси Оли пешниход намоянд.
Дар доираи чаласа инчунин лоихаи карори Хукумат оид ба ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси андози Чумхурии Точикистон барраси гардид. Намояндагони идорахои профили дар бораи чанбахои иктисоди ва хукукии лоихаи конуни пешниходшуда гузориш доданд.
Хуччат ба оптимизатсияи системаи андоз ва тавсеаи манбаъхои даромади бучети давлати нигаронида шудааст. Дар натичаи мухокима лоихаи конун тасдик намуда шуд ва барои баррасии минбаъда ба Мачлиси намояндагон супорида шуд.
Хукумат инчунин, як катор карорхоро дар бораи идоракунии захирахои замин ва назорати истифодаи самараноки онхо кабул намуд. Ин чорахо ба рушди устувори кишоварзи ва таъмини амнияти озукавории кишвар равона намуда шудаанд.
Дар анчоми чаласа Президент Эмомали Рахмон аз вазорату идорахои масъул даъват намуд, ки ичрои супоришхои чори ва каблан додашударо таъмин намоянд. Ба масъалахои ободони, омодаги ба корхои сахроии бахори, инчунин накшахо оид ба чашни 35-солагии истиклолияти Давлатии Чумхурии Точикистон диккати махсус дода шуд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон