Душанбе, 15 май, АИ Караван Инфо. Дар Душанбе мулокоти раиси Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон Рачабали Рахмонали бо рохбари департаменти Харби-сиёсии САХА Юкка Туонен баргузор гардид.

Чонибхо самтхои асосии хамкориро дар сохаи тайёр намудани начотдихандагон ва вокуниш ба холатхои фавкулодда мухокима намуданд.
Яке аз масъалахои асосии мулокот мусоидат ба анчоми сохтмони маркази Таълими барои вокуниши фаври ва начот додани шахрвандон дар Каротог буд. Юкка Туонен каблан шахсан бо рафти сохтмони иншоот шинос шуда, ахамияти онро барои амнияти минтакави ва рушди касбии начотдихандагон таъкид намуда буд. Кайд намуда мешавад, ки барои пурра ба итмом расонидани лоиха захирахои иловагии молияви лозиманд.
Инчунин дар вохури мухокима намуда шуд:
- ташкили курсхои махсуси омузиши барои баланд бардоштани ихтисоси кормандони КХФ;
- дурнамои шарикии дарозмуддат байни Точикистон ва САХА дар сохаи хифзи шахрванди;
- амиктар намудани хамкории институтсионали дар хатти амнияти байналмилали ва муковимат ба бухрон.
Чонибхо омодагии худро барои идомаи хамохангсозии талошхо изхор намуда, ахамияти инфрасохтори устуворро барои омода намудани кадрхои вокуниш ба тахдидхои табии ва техногени таъкид намуданд.
Аксхо: Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон