Квотаи президенти – рох ба суи тахсилоти оли барои чавонони Бадахшон – ИА Караван Инфо
Квотаи президенти - рох ба суи тахсилоти оли барои чавонони Бадахшон

Душанбе, 16 июн, АИ Караван Инфо. Аз замони чори шудани квотаи Президенти дар соли 1997, ин механизми мухими ичтимои рохи тахсилоти олиро барои хазорон чавонони минтакахои дурдаст ва кухии кишвар, бахусус духтарон боз намудааст.

Аз соли 1997 то 2024 тавассути квотаи президенти ба донишгоххои Олии Точикистон 3882 нафар хатмкунандагони мактабхои тахсилоти умумии вилояти мухтори Кухистони Бадахшон кабул намуда шуданд. Аз ин шумора 2047 духтар, 1835 чавон мебошанд. Онхо дар сохахои педагоги, тибби, техники, кишоварзи, фарханги ва дигар сохахо тахсил мекунанд.

Дар айни замон дар донишгоххои кишвар 717 донишчу аз ВМКБ, аз чумла 333 духтар ва 384 чавон бо квотаи президенти тахсил мекунанд. Дар соли тахсили 2024-2025 138 довталаб, аз чумла 70 духтар кабул намуда шуданд.

Президент Эмомали Рахмон соли 1997 бо ташаббуси чори намудани квотаи махсус барои духтарони минтакахои дурдасти кишвар баромад намуд. Ин як кадами мухим дар тавонмандсозии занон, бахусус дар масъалахои тахсилоти оли буд.

Кабули квота дар асоси мусохиба, бидуни имтихон, аз руи як катор ихтисосхои афзалиятнок: педагогика, тиб, фарханг, варзиш, техника, иктисод ва дигар сохахои аз чихати ичтимои мухим амали намуда мешавад.

Донишчуёне, ки аз руи квота дохил мешаванд, бо хобгох, стипендия ва шароити зарурии тахсил таъмин намуда мешаванд. Макомоти махалли мунтазам бо донишчуён мулокот мекунанд, ба фаъолияти таълими ва шароити рузгори онхо назорат мекунанд.

Тибки накшаи кабули донишчуён аз руи квотаи президенти, афзалият ба ихтисосхое дода мешавад, ки дар минтакахо бештар талаб намуда мешаванд. Ин равиш имкон медихад, ки иктидори кадрхои минтакахои кухи таквият дода шавад ва ба рушди мутавозини минтакахои кишвар мусоидат кунад.

Квотаи президенти воситаи тавонои адолати ичтимои, рушди маориф ва тахкими накши занон дар чомеа гардид.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: