Душанбе, 16 июн, АИ Караван Инфо. Аз санаи 16 то 20 июн бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон ба ифтихори Рузи вахдати милли Корвони “Модари сулху вахдат” огоз мегардад, ки аз шахру нохияхои мамлакат мегузарад.

Тавре, ки Хадамоти матбуотии Кумита хабар дод, хадафи корвон тахкими сулху суботи сиёси ва вахдати милли, ки дар даврони истиклолият ба даст оварда шудааст, инчунин фаъолсозии корхои фахмондадихи ва маърифати дар байни занон, чавонон ва наврасон мебошад.
Дар хайати корвон занони маъруф, фаъолон, собикадорон ва модарон аз вилояти мухтори Кухистони Бадахшон, Вилоятхои Сугд ва Хатлон, шахри Душанбе ва дигар минтакахои чумхури мебошанд.
Дар доираи чорабинихои Корвон конфронси чумхурияви бо шиори ” Вахдат даъвати модарон!”. Он майдончаи мухокимаи накши занон дар тахкими сулх, хифзи арзишхои милли ва муколамаи байни наслхо хохад буд.
Ин икдоми рамзи дар арафаи чашни Вахдати милли рисолати мухими чамъияти ва маънавии занонро дар муттахидсозии чомеаи Точикистон ва дастгирии самти рушди устувори кишвар таъкид менамояд.
АКСХО: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон