Душанбе, 17 июн, – АИ «Караван инфо». Дар Душанбе мулокоти Раиси кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон Султон Рахимзода бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чумхурии Киргизистон дар Точикистон Эрлан Абдилдаев баргузор гардид. Мавзуи асосии мухокима амик намудани хамкории дучониба дар сохаи сармоягузори буд.

Ба иттилои кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии ЧТ, зимни сухбат ба омодаги ба баргузории форуми сармоягузории точикистону киргизистон, ки дар ояндаи наздик дар Душанбе баргузор мешавад, диккати махсус дода шуд. Интизор меравад, ки форум платформаи мухими муколама байни доирахои тичоратии ду кишвар гардад ва самтхои мушаххаси шарикии мутакобилан судмандро муайян кунад.
Хамчунин, дар мулокот самтхои дигари ояндадори хамкори миёни Точикистону Киргизистон, аз чумла татбики якчояи лоихахои иктисоди, тавсеаи тичорати фаромарзи ва табодули тачриба дар сохаи идоракунии давлати барраси шуданд.
Гузаронидани чунин форум хохиши ду давлатро барои тахкими хамгироии минтакави, таквияти робитахои тичорати ва фарохам овардани шароити мусоид барои воридшавии сармоягузори ба сохахои асосии иктисодиёт инъикос мекунад.
Аксхо: кумитаи Давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон