Душанбе, 17 июн, – АИ «Караван инфо». Дар Брюссел чорабинии махсус дар мавзуи “Тадбирхои захирахои об ва анъанахои экологи барои ояндаи устувор ва аз чихати иклим бехатар” баргузор гардид, ки дар доираи он коршиносони байналмилали натичахои конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххоро, ки аз 29 то 31 май дар Душанбе баргузор гардид, барраси намуданд.

Дар чорабини Раиси Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон Баходур Шерализода иштирок намуд. Дар суханронии худ у ба ахамияти ташаббусхои глобалии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон, ки ба халли мушкилоти марбут ба захирахои об, тагйирёбии иклим ва хифзи пиряххо равона шудаанд, таъкид намуд.
Таъкид гардид, ки Точикистон имруз дар ташаккули рузномаи чахонии об ва иклим накши пешбарро мебозад. Мавзуи марказии мухокима ташаббуси огози “раванди нави хифзи пиряххо” буд, ки аллакай дар сатхи байналмилали дастгири ёфта, ба хамохангсозии талошхои давлатхо дар ин соха мусоидат хохад намуд.
Чунин ташаббусхо бо иштироки фаъолонаи Точикистон ба тахкими хамкорихои байналмилали ва сафарбаркунии захирахо барои хифзи экосистемахои нозуки минтакахои кухи, бахусус дар шароити обшавии босуръати пиряххо, ки аз тагйиребии иклим ба вучуд омадаанд, мусоидат мекунанд.
Аксхо: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон