Сарвазири Чумхурии Точикистон Кохир Расулзода бо Директори генералии “Рохи охани Русия” Олег Белозеров мулокот намуд – ИА Караван Инфо
Сарвазири Чумхурии Точикистон Кохир Расулзода бо Директори генералии "Рохи охани Русия" Олег Белозеров мулокот намуд

Душанбе, 13 июн, АИ «КараванИнфо». Сарвазири Чумхурии Точикистон Кохир Расулзода санаи 11 июн бо Раиси шурои наклиёти рохи охани давлатхо – иштирокчиёни ИДМ, директори генералии ЧСК “Рохи охани Русия” Олег Белозеров мулокот намуд.

Кохир Расулзода дар бораи афзалиятхои раёсати Точикистон дар ИДМ, аз чумла зарурати тахкими робитахои иктисоди ва наклиёти ва рушди робитахои логистики ёдовар шуда, таъкид дошт, ки баргузории чаласаи 82-юми Шурои наклиёти рохи охани давлатхо – иштирокчиёни ИДМ дар шахри Душанбе барои мухокимаи масъалахои мухим дар сохаи рушди наклиёти рохи охан шароити мусоид фарохам овард.

Дар ин замина кайд намуда шуд, ки мушкилоти геоиктисодии муосир аз кишвархои ИДМ хамохангсозии бештари талошхоро барои рушди инфрасохтори устувор, боэътимод ва самараноки наклиёти талаб мекунанд.

Илова бар ин, доир ба густариши хамкорихо бо максади баланд бардоштани иктидори шабакаи рохи охани Точикистон ва Минтакаи Осиёи Маркази, инчунин роххои хамгироии он бо гузаргоххои бахри ва бозорхои чахони табодули муфид сурат гирифт.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: