“Шашмаком” дар Париж: овози фарханги точик дар сахнаи байналмилали – ИА Караван Инфо
"Шашмаком" дар Париж: овози фарханги точик дар сахнаи байналмилали

Душанбе, 12 июн, АИ «КараванИнфо». Санаи11 июн дар деворхои кароргохи ЮНЕСКО, дар пасманзари чашни 700-солагии шоири бузург Хофизи Шерози, 50-солагии барномаи гидрологии Байнихукумати (IHP) ва 60-солагии илмхои обии ЮНЕСКО, мотивхои кадимии “Шашмаком”-и мероси беназири мусикии мардуми точик садо доданд.

Барномаи фарханги, ки бо мусоидати намояндагии доимии Точикистон дар назди ЮНЕСКО ва Вазорати корхои хоричии кишвар ташкил шудааст, таваччухи зиёди шунавандагони байналмилалиро ба бор овард. Ичрои устодони Шашмаком аз Точикистон на танхо як баромад, балки як паёми амики маънави буд, ки шаходати сарвати фарханги точик ва сахми он дар ганчинаи мероси гайримоддии инсоният буд.

Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин зимни суханрони дар чорабини кайд намуд, ки муаррифии санъати милли дар платформаи байналмилали на танхо ба пешбурди симои фархангии кишвар мусоидат мекунад, балки пулхои хамдигарфахми ва хамкории байнифархангиро таквият мебахшад.

Аз соли 2003 Шашмаком ба руйхати Намояндагии мероси фархангии гайримоддии ЮНЕСКО дохил намуда шудааст. Ин жанри мусики як сюитаи мураккаби овози-инструментали мебошад, ки ба шеъри классикони адабиёти точики-форси, ба монанди Хофиз, Саъди, Чоми ва дигарон асос ёфтааст. Он бо хамрохии асбобхои мусикии анъанавии танбур, дутор ва дойра ичро намуда мешавад.

Таърихан Шашмаком дар Бухорои кадим хануз дар давраи пеш аз ислом пайдо шуда, дар кишвархои Шарк пахн шуда, кисми чудонопазири фарханги дарбори гардид. Бо вучуди кушиши манъ ва фаромуш намудани ин санъат дар даврахои гуногуни таърихи, мардум тавонистанд онро хамчун рамзи хувияти маънавии худ нигох доранд.

Агар “Шохнома” – и Фирдавсиро куллаи дахои шоирона номидан мумкин бошад, пас Шашмаком куллаи ифодаи мусикии халки Точик аст. Хардуи онхо идеалхои баландро тачассум мекунанд: шараф, шучоат, хохиши озоди, хирад ва дониши амики хаёт. Онхо ба мо таълим медиханд, ки зебоиро кадр кунем, таърихро ба ёд орем ва фарханги мардуми худро эхтиром кунем.

АКСХО: Вазорати корхои хоричии Точикистон

error: