Мархилаи нави хамсоягии нек: шахрвандони Эрон то 30 руз аз бакайдгири дар Точикистон озод шудаанд – ИА Караван Инфо
Мархилаи нави хамсоягии нек: шахрвандони Эрон то 30 руз аз бакайдгири дар Точикистон озод шудаанд

Душанбе, 13 июн, АИ  «Караван Инфо». Дар рушди муносибатхои дустона байни Точикистон ва Чумхурии Исломии Эрон Хукумати Чумхурии Точикистон коидаи наверо тасдик намуд, ки будубоши шахрвандони Эронро дар каламрави кишвар хеле осон мекунад. Аз ин баъд ба онхо бакайдгирии хатмии шиносномахо дар макомоти корхои дохилии Точикистон талаб намуда намешавад, агар будубоши онхо аз 30 рузи воридшави зиёд набошад.

Тавре, ки Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон хабар дод, тагйироти дахлдор ба банди 24 Карори Хукумат № 324 аз санаи 29 майи соли 2025, инчунин ба Карори №207 аз санаи 31 марти соли 2020 “Дар бораи коидахои вуруд, будубош ва хуручи шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди” ворид намуда шудааст.

Ин карор идомаи кадами мухими дипломати — имзои Ёддошти тафохум байни хукуматхои Точикистон ва Эрон буд, ки аз санаи 10 августи соли 2024 талаботи раводидро барои сохибони шиносномахои умумишахрвандии хоричии харду кишвар бекор намуд.

Хамин тарик, озодкуни аз бакайдгирии хатми низоми бидуни раводидро таквият медихад, монеахои маъмуриро кохиш медихад ва рохи рушди робитахои сайёхи, иктисоди ва фархангиро мекушояд.

Коршиносон кайд мекунанд, ки кадамхои содда намудани расмиёти мухочират бо кишвархои дустона на танхо ба тахкими муносибатхои дучониба мусоидат мекунанд, балки ба фазои тичоратии кишвар таъсири мусбат мерасонанд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: