Пешвои чахони дар сохаи маорифи кухи дар Казокистон филиал мекушояд – ИА Караван Инфо
Пешвои чахони дар сохаи маорифи кухи дар Казокистон филиал мекушояд

ОСТОНА, 13 июн АИ «Караван Инфо». Соли 2026 дар Жезказгон аввалин кампуси хоричии донишгохи бонуфузи мухандисии Colorado School of Mines пешвои рейтинги чахонии QS оид ба кори кухи пайдо мешавад.

Созишнома дар бораи кушодани филиалро Вазорати илм ва тахсилоти олии ЧК ва рохбарияти донишгох дар доираи пешбурди маркази академии Осиёи Маркази имзо намуданд. Дар имзо вазир Саясат Нурбек, ноиби президенти Colorado School of mines Чон Брэдфорт ва ёвари Президенти ЧК Канат Шарлапаев иштирок намуданд.

Филиал дар худуди Донишгохи нави техникии Улитау бо масохати 20 гектар чойгир намуда мешавад. Омузиш бо забони англиси аз руи чор ихтисос: кори кухи, геология, геофизика ва мухандисии нафт гузаронида мешавад.

Ин аввалин филиали байналмилалии донишгох дар таърихи 150-сола мебошад. Он на танхо ба Казокистон дастраси ба донишхои пешрафтаро таъмин мекунад, балки минтакаи Жезказгонро тавассути тайёр намудани мутахассисони баландсифат ва таъсиси чойхои нави кори таквият медихад.

Аксхо: ФВТО ЧК

error: