ОСТОНА, 18 июн АИ «Караван инфо». Дар дехаи Жиланди вилояти Жетису фестивали дурахшони чавонон «Zhýlandy Fest – 2025» баргузор шуд, ки зиёда аз 200 мактаббача ва донишчуёнро аз тамоми Казокистон муттахид намуд.

Барнома се самти асосиро дар бар мегирифт: мусобикаи байналмилали оид ба робототехника, ярмаркаи донишгоххо ва чорабинии асоси мусобикаи экологии Future Race.
Дар Казокистон бори аввал иштирокчиён бо мошинхои баркии дасти ба рох баромаданд. Нух даста аз мактабхо ва донишгоххо рушди мухандисии худро дар сохаи наклиёти устувор нишон доданд. На танхо суръат, балки самаранокии энергия низ арзёби намуда шуд.

Голиб дастаи Булан аз Донишгохи Назарбоев шуд. Чои дуюм – ALT Alash, Чои сеюм – BBC. Дастахои КБТУ ва литсейи дехаи Жиланди мутаносибан чойхои 4-ум ва 5-умро ишгол намуданд.
Фестивал платформаи рушди эчодиёти техники ва тафаккури экологи гардид ва таваччухи чавононро ба илм ва инноватсия таквият дод.
Аксхо аз манбаъхои кушода