Остона, 13 июни соли 2025-АИ «Караван инфо» Инфо. Дар осорхонаи Миллии Чумхурии Казокистон маросими ифтитохи намоишгохи Шокан Уалихонов олими бузурги халки казок баргузор шуд. Чорабинии мазкур ба 190-солагии зодрузи яке аз намояндагони бузурги илм ва маърифати казок Шокан Уалихонов бахшида шудааст.

Максади намоишгох фарогирии хамачонибаи рохи хаёт ва илмии у, инчунин маъмулгардонии мероси у дар байни чомеаи васеъ ва чавонон мебошад.
Ташкилкунандагон тавассути экспонатхои осорхона, хуччатхои бойгони ва артефактхо кушиш мекунанд, ки микеси сахми илмии Шокан Уалихоновро дар омузиши таърих, этнография ва фарханги Осиёи Маркази ба мехмонон расонанд.
Корхои у дар тахкими робитахои гуманитари ва ташаккули анъанаи илми дар чомеаи казок накши калиди бозиданд, ки ин симои уро барои Казокистони муосир махсусан мухим мекунад.
Намоишгох ба чор бахши мавзуъи таксим шудааст: хаёт ва фаъолияти этнограф, экспедитсияи Кашгар, мероси илми ва симои Шокан дар санъат. Дар экспозитсия фотоматериалхои беназири бойгони, автографхо, номахо ва асархои олим мавчуданд.
Мехмонон инчунин метавонанд ашёи шахсии Шокан Уалихоновро, аз кабили таппонча, сандук, камарбанд ва ашёи рузгори оилаи у, инчунин маводхои тасвири дар бораи хатсайри Кашгар ва хуччатхои аксбардори аз осорхонахои шарикро бубинанд.
Дар доираи намоишгох дар осорхонаи Милли мизи мудаввар ташкил намуда шуд, ки дар он таърихнигорон, этнографхо, санъатшиносон, мутахассисони осорхона ва бойгони тавонистанд ахамияти илми ва фархангии мероси Уалихоновро мухокима кунанд. Намоишгох то санаи 12 июл идома меёбад.
Аксхо: Хадамоти матбуоти Вазорати фарханг ва иттилооти ЧК