Казокистон, 10 июни соли 2025 – АИ «Караван Инфо». Вазорати экология ва захирахои табиии Чумхурии Казокистон бо дастгирии ЧС “Жасил даму” ва маркази Минтакавии конвенсияи Стокголм RECETOX (Чехия) мачлиси миллии мукаддимавиро баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар доираи татбики лоихаи Фонди Глобалии экологи (ФГЭ) ва Барномаи Созмони Милали муттахид оид ба мухити зист (ЮНЕП), ки ба барраси ва навсозии накшаи миллии ичрои ухдадорихои конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандахои устувори органики (ИУО) дар Албания, Арманистон ва Казокистон бахшида шудааст, баргузор гардид.

Лоиха ба дастгирии Чумхурии Казокистон дар ичрои ухдадорихои байналмилали оид ба навсозии накшаи Милли тибки талаботи моддаи 7 Конвенсияи Стокголм равона шудааст. Он ба навсозии маълумот оид ба Кадастри партовхо, аз чумла ИУО, бо фарогирии тамоми каламрави чумхури мусоидат мекунад. Чанбаи мухим инчунин тахияи Накшахои амалиёт оид ба коркарди бехатари ИУО, чамъовари, нигохдори ва нобуд намудани онхо бо диккати махсус ба дифенилхои полихлоризатсияшуда ва полибромизатсияшуда мебошад.
Накшаи Нави Миллии ичрои ухдадорихо имкон медихад, ки фаъолияти сохибони партовхои ИУО самаранок хамоханг намуда шавад ва инчунин системаи мониторинги давлати ва назорати таъсири ИУО ба саломатии ахоли ва мухити зист бехтар намуда шавад.
Дар доираи лоиха инчунин ташкили се мачлиси милли ба накша гирифта шудааст, ки хадафи онхо баланд бардоштани огохии чонибхои манфиатдор – макомоти давлати, корхонахо, ташкилотхои чамъияти ва иттиходияхо дар бораи навсозии накшаи миллии ичрои ухдадорихои конвенсияи Стокхолм мебошад.
Аксхо: Вазорати Экология ва захирахои табиии ЧК