Дипломатияи иттилооти дар амал: дар Санкт-Петербург Ассамблеяи Генералии XIX OANA баргузор шуд – ИА Караван Инфо
Дипломатияи иттилооти дар амал: дар Санкт-Петербург Ассамблеяи Генералии XIX OANA баргузор шуд

Душанбе, 20 июн, АИ «Караван Инфо». Дар шароити рушди босуръати технологияхои раками ва миёнаравхои чахони, очонсихои иттилоотии Кишвархои Осиё ва минтакаи Укёнуси Ором шарикии худро таквият медиханд. Кадами навбати дар ин самт Ассамблеяи Генералии XIX созмони агентихои иттилоотии Кишвархои Осиё ва укёнуси Ором (OANA) буд, ки дар Санкт-Петербург баргузор шуд.

Дар кори ассамблея зиёда аз 100 намояндаи очонсихои пешрафтаи иттилооти аз зиёда аз 30 давлат, аз чумла очонсихои кишвархои Шарки наздик, ИДМ ва тамоми минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором иштирок намуданд. Точикистонро дар чорабини директори агентии Миллии иттилоотии “Ховар” Субхиддин Шамсиддинзода намояндаги намуд.

Мавзуи асосии рузнома накши очонсихои иттилооти дар шароити даъватхои чахони буд. Дар байни мухокимахои мухимтарин масъалахои мубориза бо маълумоти бардуруг, пешгирии пахншавии калбаки, инчунин таъсири зехни сунъи ба тагиребии воситахои ахбори омма мебошанд.

Иштирокчиён зарурати тахияи якчояи стандартхои ахлоки ва технологиро дар шароити чори намудани босуръати карорхои раками ба сохаи мундаричаи хабари таъкид намуданд.

Дар доираи сафар хайатхо инчунин дар чорабинихои Форуми байналмилалии иктисодии Петербург (ПМЭФ) иштирок намуданд, ки ба васеъ намудани робитахои касби ва тичорати, табодули афкор дар бораи рушди саноати ВАО дар шароити иктисоди раками имкон дод.

Созмони OANA соли 1961 бо ташаббуси ЮНЕСКО таъсис ёфтааст ва имруз 41 агентии иттилоотиро аз 33 кишвар, аз чумла сохторхои асосии ВАО дар Осиё, Шарки Наздик ва фазои пасошурави муттахид мекунад. Максади ассотсиатсия тахкими мубодилаи иттилооти минтакави, баланд бардоштани стандартхои касби ва рушди шарикии ВАО мебошад.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: