Душанбе, 19 июн, АИ «Караван Инфо». Дар натичаи мулокоти дучонибаи Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва Раиси Чумхурии Мардумии Чин Си Чинпин, ки санаи 17 июн дар доираи саммити дуюми “Осиёи Маркази — Чин” баргузор гардид, як катор санадхои нав дар бораи густариши хамкорихои дучониба ба имзо расиданд. Дар байни онхо Ёддошти тафохум дар сохаи зехни сунъи, ки байни Агентии инноватсия ва технологияи назди Президенти Чумхурии Точикистон ва комиссияи Давлатии рушд ва ислохоти Чумхурии Халкии Хитой баста шудааст.

Дар доираи татбики ин санад чонибхо дар бораи таъсиси гурухи кории Муштарак оид ба масъалахои зехни сунъи, ки фаъолияти он ба тахия ва татбики ташаббусхои муштарак дар ин сохаи баландтехнологи равона намуда мешавад, ба мувофика расиданд.
Тибки иттилои Агентии инноватсия ва технологияхои ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон, Ёддошти имзошуда хохиши харду кишварро барои тахкими муколамаи технологи инъикос намуда, эътирофи зехни сунъиро хамчун омили мухимтарини рушди чомеаи муосир тасдик менамояд.
“Зехни сунъи як сохаи нави рушдёбанда аст, ки ба рушди ичтимоию иктисоди таъсири амиктар мерасонад ва пешрафти тамаддуни инсони аз истифодаи окилонаи он вобаста аст” гуфтанд дар Агенти.
Чонибхо барои тахкими иктидор, рушди карорхои амали, такмили иктисоди раками ва таъмини рушди устувор ва босифат тавассути татбики равишхои инноватсиони изхори хохиш намуданд.
Дар хуччат ба принсипхои ахлоки ва гуманисти диккати махсус дода шудааст. Хамкори дар сохаи зехни сунъи дар асоси эхтироми тарафайн, баробархукуки ва таваччух ба манфиати чомеа рушд хохад намуд.
Харду чониб ухдадор шуданд, ки ба истифодаи технологияхои зехни сунъи ба манфиати халкхои Точикистону Чин, инчунин ба манфиати тамоми инсоният мусоидат намоянд.
Тибки Ёддошт, механизми доимии байнихукуматии муколама оид ба масъалахои зехни сунъи таъсис дода мешавад. Он платформаи хамохангсозии амалхо, мубодилаи тачрибахои бехтарин ва сохтмони муштараки инфрасохтори ЗС хохад буд.
Чонибхо инчунин ба мувофика расиданд, ки хамкорихоро дар мухити илми-тахкикоти ва академи фаъол созанд:
* рушди барномахои донишгохи ва амали дар сохаи ЗС;
*тадкикоти илми ва лоихахои муштарак;
* табодули технология ва тайёр намудани мутахассисон;
* омузиши усулхои корнамуди забони табии ва омузиши мошинсози.
Хамин тарик, ташкили гурухи кории муштарак ва Ёддошти басташуда кадамхои мухим дар самти ташаккули сохибихтиёрии технологи ва тагирёбии ракамии иктисодиёти ду кишвари дуст гардиданд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода