Душанбе, 24 июн, АИ «Караван Инфо». Чумхурии Точикистон дар робита ба зарбахои нерухои хавоии ИМА ва Исроил ба иншооти хастаии Чумхурии Исломии Эрон, ки санаи 22 июни соли 2025 содир шудааст, махкумияти катъи изхор намуд. Дар ин бора дар изхороти расмии Вазорати корхои хоричии Точикистон, ки рузи 23 июн дар шахри Душанбе нашр шуд, омадааст.

Дар ин санад таъкид шудааст, ки чунин амалхо ба суботи минтакави ва чахони тахдиди чидди доранд ва метавонанд ба мунокишаи пурраи мусаллахона бо окибатхои фалокатбор на танхо барои Шарки Наздик, балки барои тамоми чахон оварда расонанд.
Точикистон принсипхои хамзистии осоишта, эхтироми хукуки байналмилали ва сохибихтиёрии давлатхоро пайваста химоя намуда, аз эхтимоли шиддат гирифтани низоъ, ки ба вайроншавии низоми амнияти чахони ва хатари фалокати экологи тахдид мекунад, изхори нигарони намуд.
ВКХ-и Чумхурии Точикистон Созмони Милали Муттахид, агентии байналмилалии энергияи атоми (МАГАТЭ) ва дигар ниходхои бонуфузи байналмилалиро ба андешидани тадбирхои фаври, катъи ва пешгирикунанда оид ба рох надодан ба вайронкунии хукуки байналмилали ва таъмини сулху суботи устувор дар минтака даъват намуданд.
Точикистон бори дигар таъкид намуд, ки хама гуна зиддияту низоъхо, бахусус дар минтакаи хассос ба мисли Шарки Наздик, бояд танхо бо воситахои сиёсиву дипломати дар асоси меъёру принсипхои хукуки байналмилали ва Оинномаи СММ хал намуда шаванд.
Чумхури талошхои чомеаи байналмилалиро барои кохиш додани танишхо, пешгирии муковимати низоми ва баркарор намудани сулхи устувор ва хамачониба дар минтака дастгири мекунад.
АКСХО: Вазорати корхои хоричии Точикистон