Казокистон интиколи галларо ба Точикистон афзоиш медихад – ИА Караван Инфо
Казокистон интиколи галларо ба Точикистон афзоиш медихад

Казокистон, 27 июни соли 2025 – АИ «Караван инфо». Вазири кишоварзи Айдарбек Сапаров бо Сафири Фавкулодда ва Мухтори Точикистон дар Казокистон Хайрулло Ибодзода, инчунин бо намояндагони тичорати аграрии Точикистон мулокот намуд. Чонибхо дурнамои афзоиши таъминоти галлаи Казокистон ба Точикистон, табодули иттилоот дар бораи бозори галла ва густариши минбаъдаи хамкорихои дучонибаро дар сохаи аграри барраси намуданд.

Мавзуи асосии гуфтушунидхо афзоиши хачми содироти галла аз Казокистон ба Точикистон буд. Точикистон одатан яке аз бозорхои асосии фуруши махсулоти галладонагии Казокистон буда, хар сол такрибан 1 миллион тонна галла истеъмол мекунад.

Тибки маълумоти ЧС “НК Казакстан Темир жоли”, тибки натичахои соли 2024 хачми содироти галла ба Точикистон 1,3 миллион тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 20 фоиз зиёд аст. Дар давраи аз сентябри соли 2024 то июни соли 2025 аз хосили нав 1,2 миллион тонна галла содир намуда шуд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта (823 хазор тонна) якуним маротиба зиёд аст.

Айдарбек Сапаров омодагии худро барои расонидани кумаки хамачониба дар густариши содирот тасдик намуда, хавасмандии Казокистонро ба тахкими шарики бо Точикистон дар сохаи комплекси агросаноати кайд намуд.

Дар фарчоми мулокот вазир таъкид кард, ки татбики ин ташаббусхо барои тавсеаи хамкорихои тичоратию иктисоди дурнамои нав мекушояд ва ба баланд бардоштани устувории озукавори дар минтакаи Осиёи Маркази мусоидат мекунад.

Сурат: ВК ЧК

error: