Казокистон, 2 июли соли 2025 АИ «Караван инфо». Чаласаи кумитаи Машварати оид ба бозорхои молиявии Иттиходи иктисодии Авруосиё (ИИАО) тахти раёсати узви Коллегия (Вазир) оид ба иктисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иктисодии Авруосиё (КИА) Бахит Султонов баргузор гардид.

Дар вохури масъалахои асосии марбут ба ташаккули минбаъдаи бозори умумии молиявии ИИАО, аз чумла хамохангсози ва такмили конунгузории давлатхои аъзо барраси шуданд. Иштирокчиёни чаласа муносибати фарккунандаро ба ташаккули бозори умумии молияви ва актуализатсияи мухлати хамохангсози барраси намуданд. Онхо инчунин, дар бораи самтхои минбаъдаи хамохангсозии бозори молияви пас аз соли 2025 мубодилаи афкор намуданд.
Аъзои Кумита хуччатхои зеринро барраси намуданд:
• Хисобот дар бораи рафти татбики накшаи чорабинихо оид ба хамохангсозии конунгузории ИИАО дар сохаи бозори молияви барои соли 2024. Дар хисобот кор оид ба хамохангсозии конунгузори дар бахшхои бонки ва сугурта, инчунин дар бозори когазхои киматнок инъикос ёфтааст.
• Тавсияхо дар бораи пешниходхои мувофикашуда оид ба хамохангсозии конунгузории ИИАО. Сухан дар бораи истилохот ва талабот ба фаъолияти брокерхо дар бозори когазхои киматнок, инчунин ичозат додани ташкилотхои сугурта ба бозори умумии молиявии ИИАО меравад.
• Хисобот дар бораи эътирофи мутакобилаи агентихои рейтингии милли ва таъсиси агентии рейтингии ИИАО. Хисобот аз чониби КИА дар якчояги бо макомоти ваколатдори кишвархои ИИАО тахия шудааст.
Давлатхои узви ИИАО барои ташкили бозори умумии молияви фаъолона кор мекунанд, то дастрасии бе табъиз ба бозорхои молиявии якдигарро таъмин кунанд.
Сурат: МТИ ЧК