Душанбе, 02 июл, – АИ «Караван инфо». Президенти Чумхурии Киргизистон Садир Чапаров соли равон бо сафари давлати ба Чумхурии Точикистон ташриф меорад.
Омодаги ба сафар мавзуи калидии гуфтушунидхо байни Вазири корхои хоричии Киргизистон Жээнбек Кулубаев ва Рохбари ВКХ-и Точикистон Сирочиддин Мухриддин буд, ки 30-юми июн дар Бишкек баргузор шуд. Хайати Точикистон бо даъвати расмии чониби Киргизистон ба Бишкек омад.

Гарчанде, ки санаи дакики сафар хануз ошкор нашудааст, чонибхо изхори бовари намуданд, ки сафари оянда метавонад мархилаи мухим дар густариши хамкорихои дучониба ва тахкими суботи минтакави бошад.
Чонибхо доираи васеи масъалахои хамкориро аз сиёси то гуманитари барраси намуданд. Ба ичрои созишномахое, ки дар чараёни сафари давлатии Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ба Киргизистон дар мохи марти соли 2025 ба даст омадаанд, диккати махсус дода шуд.
Мавзуи асоси демаркатсияи сархади киргизистон ва точикистон буд. Харду чониб изхори бовари намуданд, ки халли нихоии масъалахои марзи барои сулхи дарозмуддат ва хамсоягии нек заминаи боэътимод фарохам меорад.
Ёдовар мешавем, ки рузи 30 июн дар Чолпон – Ота чаласаи Шурои вазирони корхои хоричии кишвархои иштирокчии Созмони Ахдномаи амнияти дастачамъи (СААД) баргузор гардид, ки дар он хайати Точикистон бо сарварии Вазири корхои хоричи Сирочиддин Мухриддин иштирок намуданд.
Иштирокчиён самтхои мубрами хамкории бисёрчонибаро дар доираи СААД, инчунин чорахои вокуниш ба тахдидхои муосири амниятро барраси намуданд.
Дар натичаи чаласа хуччатхои мухим ва изхороти муштарак оид ба муковимат ба радикализатсия, терроризм, тахдидхои кибери ва дар робита ба Вазъият дар Шарки Наздик кабул намуда шуданд. Татбики мархилаи якуми барномаи максадноки байнидавлатии СААД оид ба тахкими сархади точикистону афгонистон дастгири ёфт.
Дар доираи чаласа Президенти Киргизистон Садир Жапаров бо сарони ВКХ-и кишвархои СААД мулокот намуд, ки дар чараёни он масъалахои мубрами минтакави ва байналмилали барраси шуданд.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон (аксхои бойгони)