Паёми мустакими хавои: Chengdu Airlines парвози Кашгар – Хучанд -Кашгарро огоз мекунад – ИА Караван Инфо
Паёми мустакими хавои: Chengdu Airlines парвози Кашгар - Хучанд -Кашгарро огоз мекунад

Душанбе, 02 июл, – АИ «Караван инфо».  Аз 1 июл ширкати хавопаймоии Chengdu Airlines – и Чин парвозхои мустакими мусофирбарро аз тарики Хатсайри Кашгар – Хучанд – Кашгар огоз намуд. Ташаббус бо дастгирии Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар хамкори бо Идораи авиатсияи граждании ЧТ амали намуда шуд.

Парвозхо хафтае як маротиба сурат мегиранд, ки барои сайёхон имкониятхои иловаги фарохам меорад, ба рушди сохаи авиатсияи граждани мусоидат мекунад ва инчунин накши Точикистонро хамчун маркази транзити дар минтака таквият мебахшад.

Парвози нав ягона икдом дар самти фаъолсозии хамкории авиатсионии ду кишвар нест. Хамин тавр, 16 июни соли 2025 Ширкати Хавопаймоии China Southern Airlines парвозхои мустакимро байни Душанбе ва Пекин огоз намуд ва хатсайри мухимро байни пойтахтхо кушод.

Густариши чугрофияи парвозхо дар сатхи давлати дар доираи сафари Раиси Чумхурии халкии хитой Си Чинпин ба Точикистон дар мохи июли соли 2024 барраси шуд. Дар рафти гуфтушунидхо оид ба зиёд намудани шумораи парвозхо ва кушодани самтхои нав ба мувофика расиданд.

Дар доираи татбики созишномахои бадастомада Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ба Агентии авиатсияи граждани супориш дод, ки талошхои густариши алокаи хавопаймои бо Чинро таквият бахшад.

Мохи марти соли 2025 бо ин максад хайати Маъмурияти авиатсияи граждании Чумхурии халкии хитой ба Точикистон ташриф овард, ки дар он чо кадамхои амали оид ба татбики созишномахо ва рохандозии хатсайрхои нав барраси шуданд.

Алокаи хавои байни Шахрхои Синтзян ва Шимоли Точикистон робитахои тичорати, сайёхи ва фархангиро таквият медихад ва унсури мухими ташаббуси “Як камарбанд — як рох” мебошад, ки дар доираи он Точикистон алокаи наклиётиро бо Чин фаъолона рушд медихад.

АКСХО: Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон

error: