Алмаато, 3 июли соли 2025 – АИ «Караван инфо». Дар Алмаато чаласаи чоруми гурухи Кории Байнидавлати оид ба масъалахои назорати давлати (назорат) оид ба риояи талаботи регламенти техники дар сохаи бехатарии сухтор баргузор гардид. Дар он мутахассисони КХФ Беларус, Казокистон ва Русия иштирок намуданд.

Дар чараёни мулокот коршиносон тагйироти асоси ва натичахои мухокимаи оммавии лоихаи ислохот ба регламенти Техникии ИИАО 043/2017 “Дар бораи талабот ба воситахои таъмини бехатарии сухтор ва хомуш намудани сухтор” – ро барраси карданд. Аз чумла, сухан дар бораи васеъ намудани руйхати махсулот ва чори намудани талабот ба дастгоххои парвозкунандаи бесарнишин мерафт, ки имкон медихад, ки чузъу томхои КХФ бо дастгоххои баландсифат ва сертификатсияшудаи оташхомушкуни мучаххаз намуда шаванд. Ин тагйирот барои рушди системаи ягонаи бехатарии сухтор дар фазои ИИАО ахамияти мухим дорад.
Яке аз мавзуъхои мубрами бахс механизми хамкории макомоти назорати давлатии кишвархои ИИАО хангоми ошкор намудани махсулоти хатарнок, инчунин ракамисози ва оптимизатсияи он буд. Иштирокчиён инчунин ахамияти муттахид намудани иктидори илмии давлатхои ИИАО -ро барои чустучуи халли муассир дар сохаи пешгири ва бартарафсозии холатхои фавкулодда таъкид намуданд.
Дар натичаи чаласа дар Алмаато чонибхо чонибдории худро ба тахкими минбаъдаи хамкори дар доираи ИИАО тасдик намуда, ахамияти амалхои хамохангшударо дар сохаи таъмини бехатарии сухтор таъкид намуданд. Кушишхои муштарак барои такмил додани заминаи меъёри, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии назорат ва татбики карорхои муосири раками имкон медиханд, ки мухити бехатартар барои шахрвандон ва системаи устувори пешгири ва вокуниш ба тахдидхои сухтор дар саросари иттиход фарохам оварда шавад.
Аксхо: ВХФ ЧК