Донишчуён аз Точикистон дар Олимпиадаи байналмилалии физика дар Ханти-Мансийск ширкат мекунанд – ИА Караван Инфо
Донишчуён аз Точикистон дар Олимпиадаи байналмилалии физика дар Ханти-Мансийск ширкат мекунанд

Душанбе, 05 июл, – АИ “Караван Инфо”. Аз 29 июн то 8 июл дар шахри Ханти-Мансийск (Федератсияи Русия) Олимпиадаи байналмилалии донишчуён аз фанни физика «ISPhO-2025» баргузор мешавад. Дар он як гурухи донишчуёни Чумхурии Точикистон, ки аз се донишчу ва як омузгор иборат аст, иштирок доранд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон хабар додааст.

Олимпиада бо максади амиктар намудани таваччухи донишчуён ба илмхои фундаментали, аз чумла ба физика, инчунин инкишоф додани малакахо дар халли масъалахои назарияви ва тачрибави гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи созмондихандагон, озмун аз ду мархилаи асосии — кисмхои назарияви ва тачрибави иборат аст.

Олимпиадаи байналмилалии «ISPhO-2025» аз чониби Вазорати маорифи Федератсияи Русия, Хукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийск — Угра ва Донишкадаи физикаю техникии Маскав (Донишгохи миллии тадкикоти) ташкил намуда мешавад.

Иштироки тими Точикистон дар олимпиадаи бонуфузи байналмилали барои тавсеаи чахонбинии илмии донишчуён ва табодули тачриба бо чавонони лаёкатманди кишвархои дигар шароит фарохам меорад.

СУРАТ: Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон

error: