Дар Душанбе форуми Сармоягузори ва иктисодии Точикистон ва Киргизистон баргузор мешавад – ИА Караван Инфо
Дар Душанбе форуми Сармоягузори ва иктисодии Точикистон ва Киргизистон баргузор мешавад

Душанбе, 09 июл, АИ «Караван инфо».  Имруз дар Пойтахти Точикистон форуми Сармоягузори ва иктисодии Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Киргизистон огоз мегардад, ки хадафи он густариши хамкорихои иктисоди ва тичорати, инчунин рушди робитахои мустаким байни доирахои тичоратии ду кишвар мебошад.

Бо суханронихои хайрухуш ба иштирокчиёни форум мурочиат намуданд:

– Раиси кумитаи Давлатии сармоягузори ва идоракунии амволи давлатии Чумхурии Точикистон Сухтон Рахимзода,

– Вазири иктисод ва савдои Чумхурии Киргизистон Бакит Сидиков.

Макомот таъкид намуданд, ки фарохам овардани мухити мусоиди сармоягузори, тахкими эътимод байни доирахои сохибкори ва татбики лоихахои муштарак дар бахшхои асосии иктисодиёт ахамияти стратеги доранд.

Дар чараёни форум ба иштирокчиён видеои баррасии иктидори сармоягузори ва содиротии Точикистон ва Киргизистон пешниход намуда шуд. Имкониятхои хамкори дар сохахои зерин барраси намуда шуданд: энергетика ва инфрасохтор, саноати сабук ва коркард,

кишоварзи ва логистика, иктисоди раками ва сайёхи.

Форум аз се блоки асосии мубохиса иборат аст:

1.        “Тачриба ва мушкилоти муваффак: назари бахши хусусии ду кишвар”

Намояндагони ширкатхои пешкадами Точикистону Киргизистон тачрибаи хамкориро мубодила намуда, масъалахои мавчуда ва роххои халли онхоро мухокима менамоянд.

2.        “Сармоягузори ба ояндаи минтакахо”

Ин блок накши минтакахои наздисархадиро дар тахкими робитахои дучониба, рушди инфрасохтор, мачмааи агросаноати ва тичорати хурду миена барраси мекунад.

3.        “Самтхои нави хамкории иктисоди ва тичорати”

Дар ин чо масъалахои афзоиши гардиши мол, бартараф намудани монеахои гайритарифи, чори намудани карорхои раками ва бехтар намудани фазои сармоягузори барраси намуда мешаванд.

Ин форум идомаи мантикии ташаббусхои охирин оид ба тахкими робитахои дучонибаи иктисоди мебошад. Тавре каблан хабар дода шуд, Точикистон ва Киргизистон накша доранд, ки хачми гардиши молро ба 500 миллион доллар расонанд ва “харитаи рох” – ро барои рушди тичорат ва хамкори тахия ва татбик намоянд.

Дар форум намояндагони вазорату идорахо, доирахои тичорати, сохторхои сармоягузори ва бонки, инчунин ташкилоту шарикони байналмилали иштирок мекунанд.

Дар кори форум инчунин Президентхои ду кишвар – Эмомали Рахмон ва Садир Чапаров иштирок намуда, дар назди сохибкорону сармоягузорони Точикистону Киргизистон суханрони намуданд.

Гузаронидани чунин чорабинихо як кадами мухим ва зарури на танхо барои тахкими хамкорихои иктисоди, балки барои густариши эътимод ва муколама байни ду давлати дуст, бахусус дар шароити равандхои муосири чахони мебошад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: