ОСТОНА, 10 июл –«АИ Караван Инфо». Дар Казокистон тахрири нави ахлоки Варзиши тасдик намуда шуд, ки санаи 19 июли соли 2025 эътибор пайдо мекунад. Тибки ин санад, холо ба варзишгарон, мураббиён ва доварон манъ аст, ки акидахои динии худро ба таври оммави нишон диханд ва дигаронро ба фаъолияти дини галб кунанд.

Коидахо инчунин рафтори зиддигамъияти, таговуз, истифодаи лугати нопок, беэхтироми ба ракибон ва карорхои доваронро манъ мекунанд. Ахамияти эхтиром ба рамзхои давлатии Казокистон ва кишвархои иштирокчии мусобика таъкид намуда мешавад.
Гайр аз он, варзишгарон бояд дар маросимхо мувофикат кунанд ва бо матбуот дар рухияи касбият кор кунанд. Мураббиёни шахси вазифадоранд, ки суруди кишварро омузанд ва ташкилотхо бояд матни ахлокро дар чои намоён чойгир кунанд.
Хама варзишгарон ва мураббиён бояд хангоми бастани шартномахо бо ин коидахо дар шакли хатти шинос шаванд. Кодекси навшуда барои мустахкам намудани интизом, масъулияти ахлоки ва обруи варзиши Казокистон пешбини шудааст.
Акс тасвир шудааст, ИА”Карован Инфо”