ИМА ва Точикистон: дар Душанбе Рузи истиклолиятро тачлил намуда, густариши хамкорихоро барраси намуданд – ИА Караван Инфо
ИМА ва Точикистон: дар Душанбе Рузи истиклолиятро тачлил намуда, густариши хамкорихоро барраси намуданд

Душанбе, 12 июл, АИ «Караван инфо». Дар Пойтахти Точикистон рузи 10 июл бахшида ба 249-солагии истиклолияти Иёлоти Муттахидаи Амрико чорабинии тантанави баргузор гардид. Ташкилкунандаи шом Сафорати ИМА дар Точикистон буд.

Дар чорабини намояндагони муассисахои давлати, намояндагихои дипломатии хоричи, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия шудаанд, инчунин аъзои чомеаи шахрванди ва ходимони чамъияти иштирок намуданд.

Сафири ИМА дар Точикистон Мануэл Микаллер дар суханронии худ ахамияти рамзии ин рузро кайд намуд. Вай таъкид намуд, ки тачлили Рузи истиклолият на танхо як чорабинии милли барои мардуми амрико, балки ёдрас намудани арзишхои демократия ва хукуки инсон ба тамоми чахон аст.

“Дар ин руз мо он арзишхоеро, ки асоси давлати мо мебошанд, — озоди, баробари ва эхтиром ба хукукхои хар як шахсро гироми медорем. Иёлоти муттахида аз замони таъсисёби ин принсипхоро чонибдори мекунад” гуфт Сафир.

Барномаи шом намоишхои гуногуни фарханги ва мусики, расмхои таърихии театри, инчунин унсурхои бадеиро дар бар мегирифт, ки рухияи шарикии байни ИМА ва Точикистонро инъикос менамуданд.

Дар доираи чорабини инчунин намоишгохи мавзуъи бахшида ба рамзхои фарханги амрико, руйдодхои таърихи ва мархилахои ташаккули истиклолияти ИМА ташкил намуда шуд.

Дар кисмати гайрирасми, иштирокчиён дурнамои тахкими шарикии ИМА ва Точикистонро дар сохахои иктисод, маориф, рушди устувор ва дастгирии чомеаи шахрванди барраси намуданд.

Таъкид гардид, ки чунин чорабинихо барои муколама, хамдигарфахми ва табодули фарханги байни халкхо замина фарохам меоранд.

АКСХО: Сафорати ИМА дар Точикистон

error: