Москва, 15 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Табиби пешбари хадамоти Миллии тандурустии Бритониё профессор Стивен Поуис дар бораи тагйироти кулли дар табобати беморихои саратон изхор дошт.
Дар дахсолахои оянда, зинда мондани беморон пас аз ташхиси саратон метавонад чор маротиба афзоиш ёбад, гуфт у. Дар ин бора у дар мусохиба бо The Telegraph накл намуд.

Омилхои асосии ин пешрафт Поуис рушди терапияи инфироди, санчишхои генетики ва инчунин ваксинахои нави саратони шушро, ки аз озмоишхои клиникии муваффак гузаштаанд, ном бурд.
Ин технологияхо на танхо имкон медиханд, ки профили генетикии варамро дакиктар муайян кунанд, балки инчунин схемахои фардии табобатро ташаккул диханд.
“Мо ба суи ояндае харакат мекунем, ки ташхиси саратон мисли хукм садо намедихад” гуфт Поуис. Иммунотерапия, дорухои нави зидди саратон ва барномахои ташхиси барвакти аллакай умри беморонро ба таври назаррас афзоиш доданд.
Дар ин замина дар Русия низ кадамхои рушди дорухои онкологи таквият меебанд. Тавре, ки Сардори Вазорати Саноати Русия дар ПМЭФ хабар дод, ширкатхои дорусозии ватани истехсоли дорухои навро фаъолона аз худ мекунанд ва инчунин хиссаи худро дар бозори дохили афзоиш медиханд.
Коршиносон тахмин мезананд, ки онкологияи чахони ва руси ба давраи нав ворид шуда истодааст, ки дар он тиб на танхо ба мубориза бо бемори, балки ба сифати зиндагии беморон низ диккати бештар медихад.
Аксхо: nmicr.ru