Сафири нави Хиндустон дар Казокистон ба кор шуруъ намуд – ИА Караван Инфо
Сафири нави Хиндустон дар Казокистон ба кор шуруъ намуд

Остона, 21 июли соли 2025-АИ «Караван Инфо». Муовини вазири корхои хоричии Казокистон Алибек Бакаев нусхахои эътимодномахоро аз сафири нави Хиндустон Сайлас Тангал кабул намуд. Мулокот ба рисолати дипломатии сафири хиндустон дар Казокистон огоз бахшид.

Мавзуъхои асосии гуфтушунид:

* Тахкими хамкорихои дучониба дар сохахои сиёси ва иктисоди;

 * Омодаги ба боздидхои дарпешистода дар сатхи баланд;

* Хамкори дар доираи ташкилотхои байналмилали (СММ, СХШ, СВМДА).

Чонибхо ба рушди шарикии стратеги, бахусус дар сохахои тичорат, сармоягузори ва табодули фарханги изхори манфиатдори намуданд. Ба формати муколамаи Осиёи Маркази Хиндустон диккати махсус дода шуд.

Сафир Тангал ба чониби казокистон барои истикболи гарм ташаккур гуфт ва нияти фаъолона кор намуданро барои амик намудани муносибатхои байни ду кишвар тасдик намуд. Дар ояндаи наздик пешниходи эътимодномахои асли ба Президенти Казокистон интизор меравад.

Аксхо: ВКХ ЧК

error: